Пизишкиён: Равобити Эрон ва Ҳинд дар чорчӯби БРИКС густариш ёбад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125042-Пизишкиён_Равобити_Эрон_ва_Ҳинд_дар_чорчӯби_БРИКС_густариш_ёбад
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Ҳинд равобити Теҳрон ва Деҳлии Навро бархӯрдор аз зарфиятҳои густурда барои тавсеаи ҳамкориҳо донист ва бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бавижа дар чорчӯби БРИКС таъкид кард.
(last modified 2026-07-01T09:37:29+00:00 )
Июл 01, 2026 14:33 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён раисиҷумҳури исломии Эрон ва Нарендра Моди нахуствазири Ҳинд
    Масъуд Пизишкиён раисиҷумҳури исломии Эрон ва Нарендра Моди нахуствазири Ҳинд

Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Ҳинд равобити Теҳрон ва Деҳлии Навро бархӯрдор аз зарфиятҳои густурда барои тавсеаи ҳамкориҳо донист ва бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бавижа дар чорчӯби БРИКС таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури исломии Эрон асри сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, зимни ибрози хурсандӣ аз барномарезӣ ва баргузории муваффақи иҷлоси вазирони нефт ва энергияи кишварҳои узви БРИКС дар ин кишвар, ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо ва таъомулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳинд дар чорчӯби созукори чандҷониба ҳамчун БРИКС беш аз пеш густариш ёбад.

Пизишкиён бо таъкид бар алоқамандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавсеа ва таъмиқи равобит бо Ҳинд, изҳор дошт: «Равобити ду кишвар бар пояи пешинае дерина, таърихӣ ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил устувор буда ва зарфиятҳои густурдае барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад. Бар ин асос, зарурӣ аст бо эҷоди ҳамоҳангиҳои бештар ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мавҷуд, масирҳои ҷадиде барои тавсеаи муносиботи дуҷониба таъриф ва амалиётӣ шавад».

Вай бо ишора ба иштироки дидгоҳҳои Теҳрон ва Деҳлии Нав дар бисёре аз мавзуоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бавижа дар чорчӯби созмонҳо ва маҷомеи чандҷониба, тасреҳ кард: «Ин ҳамсуиҳо метавонад заминасози тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва густариши равобити ҳамаҷониба миёни ду кишвар бошад».

Нахуствазири Ҳинд низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар ҳимояти кишвараш аз ҳар гуна ибтикор ва талош дар ростои истиқрори сулҳ ва субот дар минтақаи ғарби Осиё, изҳор дошт: «Ҳинд муътақид аст амният ва оромиш дар ин минтақа натанҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои субот ва амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти асосӣ бархӯрдор аст ва ҳамаи кишварҳо набояд аз ҳеҷ талоше барои таҳаққуқи ин ҳадаф дареғ кунанд».

Вай ҳамчунин бо ишора ба ҳимоят ва ҳамроҳии аъзои БРИКС дар масири тавсеаи ҳамкориҳои ин созмон, аз пешрафтҳои ҳосилшуда дар чорчӯби ин маҷмӯа ибрози хурсандӣ кард ва зимни даъвати расмӣ аз раисиҷумҳури исломии Эрон барои ҳузур дар иҷлоси сарони БРИКС, ки ба мизбонии Ҳинд баргузор хоҳад шуд, ибрози умедворӣ кард ин нишаст заминасози иртиқои ҳамкориҳои чандҷониба миёни кишварҳои узв бошад.