Пизишкиён: Талоши Покистон барои тақвияти равобит бо Эрон арзишманд аст
-
Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо Сайид Муҳсин Нақвӣ, вазири кишвари Покистон
Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар дидори вазири кишвари Покистон бо ишора ба пайвандҳои фарҳангии ду кишвар гуфт: Ишқ ва алоқаи нахуствазир ва дигар мақомоти Покистон ба ҳамбастагӣ, тақвияти муносибот ва тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои Теҳрон бисёр арзишманд аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо Сайид Муҳсин Нақвӣ, вазири кишвари Покистон бо таъкид бар зарурати баҳрагирӣ аз зарфиятҳои густурдаи мавҷуд барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад равобити худро бо Покистон дар тамомии заминаҳои мавриди алоқаи ду кишвар беш аз пеш таъмиқ бахшад ва заминаро барои тавсеаи ҳамкориҳои муштарак фароҳам кунад.
Пизишкиён бо ишора ба аҳамияти равобити Эрон ва Покистон дар чорчӯби муносиботи минтақавӣ, бар зарурати тақвияти таомулот миёни ду кишвар ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ таъкид кард ва афзуд: Тавсеаи муносиботи дуҷониба ва таъмиқи ҳамкориҳо метавонад ба таъмини манофеи мутақобили ду миллат ва тақвияти субот ва амнияти минтақа кумак кунад.
Дар ин дидор Сайид Муҳсин Нақвӣ, вазири кишвари Покистон низ бо таъкид бар пайвандҳои мустаҳкам ва деринаи миёни ду кишвар изҳор дошт: Равобити Эрон ва Покистон мустаҳкам ва ногӯсастанӣ аст ва Исломобод бо азм ва иродаи ҷиддӣ, тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эронро дунбол мекунад.
Сайид Муҳсин Нақвӣ ҳамчунин бар аҳамияти пайгирӣ ва амалиётӣ сохтани тавофуқот ва тафоҳумот миёни ду кишвар таъкид кард ва сафари худро ба Теҳрон дар ростои тақвияти созукорҳои ҳамкорӣ ва тасреъ дар иҷрои тавофуқоти дуҷониба донист.