Январ 31, 2017 17:21 Asia/Dushanbe
  • Баҳман сароғози таҳаввули бузург дар масири пирӯзии Инқилоби Исломӣ

Имрӯз 12 баҳман (31 январ) мусодиф бо солрӯзи бозгашти таърихсози имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон аст. 38 соли пеш дар чунин рӯзе, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), Бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз солҳо табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд. Рӯзе, ки ҳаракати пурхурӯши миллати Эрон алайҳи режими Шоҳро ба авҷ расонд, то пирӯзии Инқилоби исломӣ ба самар бинишинад.

12 баҳманро мебоист, як нуктаи атф дар остонаи пирӯзии Инқилоби исломӣ донист. Чаро, ки дар партави ин ҳаракати бузург ва таърихӣ бо ҳидоят ва дирояти имоми роҳил, Инқилоби исломӣ аз набарди тӯлонӣ бо истибдод ва низоми султа, сарбаланд ва пирӯз берун омад. Ин инқилоб акнун наздик ба чаҳор даҳа аст, ки дар масири болндагӣ гом бармедорад, бе он ки заррае аз арзишҳои инқилобӣ ва ормонҳои худ ақибнишинӣ карда бошад.

Нигоҳе ба корномаи 38 соли гузашта, гӯёи ин воқеият аст, ки низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ифтихор ва сарбаландӣ тавониста аст, дар муқобилт тавтеаҳо аз ҷанги сахт то ҷанги нарм биистад. Имсол низ 39-умин баҳори инқилоби исломӣ дар ҳоле ағоз мешавад, ки Эрон дар ҳамат арсаҳо бо иқтидор ва мустаҳкам дар муқобилт таҳдидҳо истодааст ва  мусаммам ва пурқудрат рӯ ба ҷилав гом бармедорад.

Душманони низоми ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи ин солҳо бо иҷрои тавтеаҳои мухталиф саъй карданд Эронро мунзавӣ ва мардумро аз инқилоб дилсард кунанд, аммо бо вуҷуди ҳамаи таҳаррукоти худ натавонистанд, осебе ба аркони инқилоб ва низоми Ҷумҳурии исломӣ ворид кунанд. Истодагии миллати Эрон дар муқобили қудратҳои зӯргӯ, зарфиятҳои Инқилоби исломиро ошкор кард ва ба дунё нишон дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони ҳокимияти мубтанӣ бар арзишҳои инқилобӣ ва динӣ бо гомҳои мутмаин ба самти аҳдофи худ ба пеш меравад. Аз ин рӯ аст, ки асабонияти Амрико, бо мушоҳидаи пешрафтҳо ва иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамаи арсаҳо, ҳар бор бештар аз қабл ошкор шудааст. Таҳримҳои иқтисодии Ғарб бо меҳварияти Амрико алайҳи миллати Эрон, ки ҳадафи ҷуз ба сутӯҳ овардани миллати Эрон ва боздоштани он аз идомаи ҳаракати инқилобӣ надошт, акнун ба ҷараёни мунфаил табдил шудааст. Амрико дар силсилаи таҳаррукоташ алайҳи Эрон пайваста талош кардааст, Эронро дар ҷойгоҳи як таҳдид нишон диҳад. Акнун низ Трамп-раисиҷумҳури Амрико бо эъмоли маҳдудиятҳои муғойр бо ҳуқуқи байналмилал зидди атбои ҳафт кишвар, бо қарор додани номи Эрон дар феҳристи кишварҳое ба иддаои Амрико ҳомии терроризм саъй дар такрори озмӯнҳои шискатхӯрдаи қабл дорад.

Амрико баъд аз шикасти проекти иддаосозӣ дар мавзуи ҳастаии Эрон нишон дод, ки ҳеҷгоҳ аз иқдомоти хасмона зидди миллати Эрон даст бар надошта ва фақат равишҳоро тағйир додааст. Акнун низ ин баҳонатарошиҳо дар мавзуоте назири ибрози нигаронӣ аз барномаи дифоъи мушакӣ ва ё иддаои ҳимояти Эрон аз терроризм думбол мешавад. Амрико аз ҳамон ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ, роҳи душманиро дар пеш гирифт, то дар бистари ин хусуматварзӣ ба аҳдофи худ даст ёбад. Аммо гомҳои баланде, ки миллати Эрон пас аз пирӯзии инқилоб бардошт, дар ҳақиқат, ҳамаи муодилот ва муҳосиботи душманонро барҳам зад. Иштибоҳи муҳосиботи душманони низоми Ҷумҳурии исломӣ сабаб шуд, ки онҳо роҳи тӯлониро дар хусуматварзӣ бо Эрон тай кунанд. Аммо ин таҳаррукот  ба азамат ва ифтихороти миллати Эрон афзудааст, то ҷое, ки ҳатто душманони миллати Эрон низ ба ин воқеият эътироф доранд. Низомт Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳама арсаҳо, дар амал нишон дод, агар миллате бихоҳад иззат, ҳувият, амният ва манофеи худро бадаст оварад, лозимат он пойдорӣ ва аз худ гузаштагӣ ва худбоварӣ аст ва "даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломӣ”, ин паёми ҷаҳониро ба ҳамроҳ дорад.