Масъалаи Фаластин аз дидгоҳи Раҳбари инқилоб
Масъалаи Фаластин, меҳвари ваҳдати ҳамаи мусулмонон аст. Шашумин Конфронси “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”, субҳи рӯзи сешанбе бо баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоб, ки ба шарҳи масоили роҳбурдӣ ва асосӣ дар мавзуи Фаластин ихтисос дошт, оғоз ба кор кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар фарозе аз баёноташон дар хусуси масъалаи Фаластин, ҳадафи фитнаҳо ва ҷангҳои дохилии таҳмилӣ дар минтақаро, камранг шудани ҳимоят аз ормони муқаддаси озодии Қудс хонданд ва бо таъкид бар лузуми парҳези гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ аз вуруд ба ихтилофоти қавмӣ, мазҳабӣ ва ихтилофоти дохилии кишварҳо хотирнишон карданд, ҳамаи ҷараёнҳои исломӣ ва миллӣ, муваззафанд дар хидмати ормони Фаластин қарор гиранд.
Эшон афзуданд, ононе ки режими саҳюнистиро дар ин минтақа ба вуҷуд овардаанд то аз тариқи таҳмили як даргирии дарозмуддат монеи суботу истиқрор ва пешрафти минтақаӣ шаванд, инак низ дар паси фитнаҳои мавҷуд қарор доранд.
Раҳбари инқилоби исломӣ фитнаҳои мавҷуд дар минтақаро мӯҷиби ҳадаррафтани тавонмандиҳои миллатҳо дар даргириҳои беҳӯда ва эҷоди фурсат барои қудратгирии ҳарчи бештари режими ғосиби саҳюнистӣ донистанд ва афзуданд, дар ин миён, шоҳиди талоши хайрхоҳон, уқало ва ҳукамои уммати исломӣ ҳастем, ки дилсӯзона дар пайи ҳалли ин ихтилофот ҳастанд, аммо мутаассифона тавтеаҳои печидаи душман, тавонистааст бо баҳрагирӣ аз ғафлати бархе давлатҳо, ҷангҳои дохилиро бар миллатҳо таҳмил кунад ва онҳоро ба ҷони якдигар биандозад ва талоши ин хайрхоҳони уммати исломиро камасар кунад.
Мавзуи Фаластин бешак дар миёни ҳамаи мавзуоти муштараки уммати исломӣ, муҳиммтарин масъала аст ва ин аҳамият далоили мутааддиде дорад. Далели аввал: Масъалаи ғасби як кишвар ва овора кардани як миллат аз сарзамини худ аст, ки таҳт ҳеч қоида ва маншури байналмилалӣ наметавон аз он убур кард ва ё онро ба бойгонии таърих супурд. Далели дуввум: Умқи фоҷиаи зидди башарӣ ва зулми таърихӣ аст, ки бар миллати Фаластин таҳмил шудааст. Далели сеюм: Талош барои тахриб ва нобудии қиблаи аввали мусулмонон аст.
Режими саҳюнистӣ бо ишғоли сарзамини Фаластин дар ҳассостарин нуқтаи ҷаҳони Ислом, ба пойгоҳи низомӣ, амниятӣ ва сиёсии давлатҳои истикборӣ барои муқобила бо ислом ва мусулмонон табдил шудааст ва ин воқеият, ки Исроил ба сарчашмаи терроризм ва хостагоҳи но амнӣ ва таҳдид дар минтақа ва ҷаҳон табдил шудаастро низ мебоист далели дигаре, бар зарурати таваҷҷӯҳ ба масъалаи Фаластин донист.
Саҳюнизм бо ҳамкории истеъморгароне ҳамчун Англисява зери чатари ҳимояти низомӣ ва молии Амрико бо ғасби сарзамини Фаластин ба унвони ҷои пое барои густариши нуфуз ва султаи худ дар ҷаҳон, табдил шудааст. Бетардид хатаре, ки имрӯз мутаваҷҷеҳи ҷаҳони Ислом ва бахусус масъалаи Фаластин аст: Ғофил шудан аз таҳдидҳои режими саҳюнистӣ дар минтақа аст. Бетардид ранҷи бепоёни миллионҳо овораи фаластинӣ, ва талош барои нобудии бахши муҳимме аз ҳувияти таърихӣ ва исломт аз ҷаҳони Ислом, ёдовари ин воқеият аст, ки ҳар рӯз, ки бар умри ин режими ишғолгар афзуда шавад, садамот, осебҳо ва офоти ин режим амиқтар ва густурдатар мешавад.
Агарчӣ миллати Фаластин бо муқовамати бебадили худ ва ҷараёни интифоза, истодагӣ ва аз худ гузаштагиро ба зуҳур ва субут расондааст, аммо ин бидон маъно нест, ки ҷаҳони Ислом таклифе бар дӯш надорад. Дар ин бурҳаи ҳассос, масъалаи Фаластин ва интифозаи Қудс, оғози фасли таъйинкунанда дар сарнавишти уммати исломӣ башумор меравад, ва ҳимоят аз он метавонад ба эҷоди маҷмӯаи муқтадир, пешрафта ва мунсаҷими исломӣ мунтаҳӣ шавад ва ба нуқтаи поёне бар даврони ишғолгарӣ ва зулми таърихӣ бар миллати Фаластин бигузорад. Масъалаи Фаластин, имрӯз аҳамият ва фаврияти музоаф ёфта ва миллати Фаластин ҳаққ дорад дар ин авзоъ, интизори бештаре аз кишварҳои исломӣ дошта бошад. Имрӯз сарнавишти Фаластин дар гарави анҷоми ин вазифаи таърихӣ ва масъулияти динии ҳамаи мусулмонон аст. Ҷаҳони ислом бояд, якбор ва барои ҳамеша нишон диҳад, ки иродае ҷиддӣ барои ҳимоят аз Фаластин дорад. Таърих дар ояндаи на чандон дӯр дар бораи ин таклифи бузурги инсонӣ ва исломӣ, қазоват хоҳад кард ва нишон хоҳад дод, ки ҷараёнҳои созишгар ва давлатҳое, ки ба номи давлати исломӣ дар канор Исроил қарор гирифтаанд, шарик ва ҳампаймони ҷиноёташ ҳастанд, наметавонанд шӯълаҳои интифоза ва муқоваматро хомӯш кунанд ва миллати Фаластинро ба пазириши машрӯъияти режими ҷаълии саҳиюнистӣ водор созанд.
Онгуна, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар фарозе аз баёноташон таъкид карданд, яке аз дастовардҳои Конфронси “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” матраҳ кардани авлавияти нахусти ҷаҳони Ислом ва озодихоҳони ҷаҳон, яъне мавзуи Фаластин ва эҷоди фазои ҳамдилӣ барои таҳаққуқи ҳадафи волои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муборизоти ҳақталабона ва адолатҷӯёна аст ва ҳаргиз набояд аз аҳамияти ҳимояти сиёсӣ аз мардуми Фаластин ғофил буд, чаро ки ин масъала, дар ҷаҳони имрӯз аз авлавияти вижае бархӯрдор аст ва миллатҳои мусулмон ва озодихоҳ бо ҳар салиқа ва равише, метавонанд дар як ҳадаф, яъне Фаластин ва зарурати талош барои озодии он гирдиҳам оянд.