Март 29, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши милоди панҷумин хуршеди ҳидоят, Имом Муҳаммадбоқир

Фардо, панҷшанбе, аввали моҳи раҷаби соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 30-юми марти соли 2017 хуҷаста солрӯзи вилодати босаодати Имом Муҳаммадбоқир (а), аз наберагони гиромии Расули Худо (с) аст.

Имом Муҳаммадбоқир (а) пешвои бузурги мусалмонон нахустин рӯзи моҳи раҷаби соли 57-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд. Азамати Имом Муҳаммадбоқир (а) забонзади хосу ом буд ва ҳар ҷо сухан аз волоии Ҳошимиён, алавиён ва фотимиён ба миён меомад, эшонро ягона вориси он ҳама қидосату шуҷоат ва бузургаворӣ мешинохтанд. Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарини инсонҳо бархе аз вежагиҳои ҳазрати Имом Муҳаммадбоқир (а) аст.

Маросими ҷашни милоди ҳазрати Имом Муҳаммадбоқир (а) аз имшаб дар саросари Эрони исломӣ, бавижа дар масҷидҳо, маконҳои табарруку имомзодагон баргузор мешавад ва дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а) бо ширкат дар ин маросиму пахши ширинӣ милоди бобаракати набераи бузургвори Расули Худо (с)-ро ба якдигар табрик мегӯянд.

Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вилодати Имом Муҳаммадбоқир (а)-ро ба ҳама мусалмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.