Май 04, 2017 16:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҳодисаи маъдани устони Гулистон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме, ҷонбохтани теъдоде аз маъданкорон дар ҳодисаи инфиҷори маъдани устони Гулистонро таслият гуфтанд ва таъкид карданд, лозим аст, ҳамаи иқдомҳои мумкин барои наҷоти гирифторон анҷом гирад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, рӯзи панҷшанбе дар ин паём тасреҳ карданд, ҳодисаи дилхарош ва мусибатбори маъдани устони Гулистон, ки ба ҷонбохтани теъдоде аз маъданкорони ранҷдида ва гирифтории ҷамъе дигар аз онон анҷомидааст, инҷонибро доғдор ва мусибатзада кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бар анҷоми ҳамаи иқдомҳои  мумкин, барои наҷоти гирифторони маъдани устони Гулистон таъкид ва барои хонаводаҳои онон сабру оромиш ва барои гирифторон, кушоиши илоҳиро масъалат карданд.

Бар асари ҳодисаи инфиҷори маъдани ангиштсанги “Зимистон юрт”-и Озодшаҳр дар устони Гулистон, ки рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваст, токунун 22 маъданкор кушта ва беш аз 70 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 35 маъданкори дигар низ дар ин ҳодиса маҳбус шудаанд. Амалиёти имдодрасонӣ барои наҷоти маъданкорони маҳбус идома дорад.

Маъдани ангиштсанги Озодшаҳр, дар 90 километрии шарқи Гургон-маркази устони Гулистон қарор дорад.

 

Барчасп