Июн 07, 2017 09:11 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши теквандокорони навниҳоли Эрон дар мусобиқоти осиёӣ

Ҳугупӯшони Эрон дар поёни нахустин рӯз аз дувумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии навниҳолони Осиё 5 медали тилло, як нуқра ва як бронз касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ба нақл аз Федератсиюни теквандо, нахустин рӯз аз дувумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии навниҳолони Осиё дар бахши кивругӣ (аэробика) аз рӯзи сешанбе дар Ветнам бо ҳузури 190 варзишкор аз 16 кишвар (Эрон, Малайзия, Қазоқистон, Фаластин, Кореяи ҷанубӣ, Филиппин, Муғулистон, Урдун, Тайван, Ӯзбакистон, Индонезия, Ҳонг Конг, Ҳинд, Арабистон, Ветнам ва Покистон) оғоз ва ба муддати ду рӯз идома хоҳад дошт.

Шоёни Рустамӣ, Алии Имоил‌пур, Мубино Неъматзода, Марям Василабар ва Ғазал Султонӣ муваффақ шуданд 5 медали тилло касб кунанд.

Мубино Кулливанд унвони ноибқаҳрамонии ин рақобатҳоро касб кард ва Амирарсалон Хонзода бар сакӯи сеюм истод. Аммо Амирмуҳаммад Амирмуҳаммадӣ дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ натиҷаро ба намояндаи Кореяи ҷанубӣ вогузор ва аз гардунаи рақобатҳо хориҷ шуд.