Имзои қарордоди хариди 30 адад ҳавопаймо байни Эрон ва ширкати Боинг
Қарордоди хариди 30 адад ҳавопаймои «Боинг 737» байни ширкати ҳавопаймоии "Осмон"-и Эрон ва ширкати амрикоии Боинг дар Теҳрон имзо шуд.
Ҳусайни Аълоӣ- мудир омили ширкати ҳавопаймоии "Осмон" дар ҳошияи имзои ин қарордод гуфт, ин қарордод пас аз тафоҳумномаи 18 марти 2017 байни ширкати ҳавопаймосозии Боинг ва ширкати ҳавопаймои Осмон, ба имзо мерасад ва ширкати ҳавопаймоии Осмон дар марҳалаи нахуст, 30 адад аз ҳавопаймоҳоро таҳвил мегирад ва пас аз таҳвили онҳо хариди 30 адади дигар дар дастури кор қарор мегирад.
Тибқи қарордоде, ки Ҳусайни Аълоӣ ва Ҷеймз Морфен, намояндаи фурӯши ширкати Боинг дар минтақаи Ховари Миёна ва Русия имрӯз(шанбе), дар Теҳрон онро имзо карданд, қарор аст, ширкати ҳавопаймоии Осмон барои харид 60 ҳавопаймо, маблағи се миллиард доллар ба ширкати Боинг пардохт кунад, ки панҷ дарсади онро ширкати ҳавопаймоии Осмон пардохт хоҳад кард ва 95 дарсад дигар аз тариқи таъминкунандагони молӣ таъмин хоҳад шуд.
Қарор аст, таҳвили нахустин ҳавопаймо ба Эрон аз соли 2022 оғоз шавад.