Шамшери шоҳи эронӣ дар Русия дуздида шуд
Шамшери Нодиршоҳи Афшор, мулаққаб ба Ҷаҳонкушо - аз подшоҳони қадими Эрон ба ҳамроҳи теъдоде аз ашёи гаронбаҳо аз музейе дар ҷумҳурии Доғистони Русия дуздида шуд.
Ба гузориши ИРНА, ин ҳодиса дар музеи минтақаи кӯҳистонии Кубочин (Кубачи), дар ҷумҳурии Доғистон, дар минтақаи Қафқози Русия рӯй дод.
Як мақоми Вазорати дохилаи Доғистон гуфт, дуздон якшанбешаб дари вурудии Музейи коргоҳи ҳунарии минтақаи Кубочинро шикаста ва ҳудуди 160 ашёи гаронбаҳоро ба сирқат бурдаанд.
Шамшери Нодиршоҳ гаронбаҳотарин қитъаи дуздидашуда аз ин музей аст, ки ба гуфтаи як мақоми музейи минтақаи Кубочин беш аз як миллион доллар арзиш дошт.
Ҷоми нуқраӣ бо нақши Сталин ва ҷомҳои мушобеҳ бо нақши чанд раҳбари дигари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва кохи Кремл низ аз ҷумлаи ашёи дуздидашудаи музейи Кубочин эълом шудааст.
Нодиршоҳ ҳудуд 270 сол пеш аз машҳуртарин подшоҳони Эрон пас аз Ислом аст, ки бо поксозии кишвар аз муҳоҷимони афғон, усмониҳо, русҳо ва таҷдиди истиқлоли Эрон, фатҳи Ҳиндустон ва дигар чангҳои пирӯзмандона ба Ҷаҳонкушо ва нобиғаи ҷанги шӯҳрат ёфт.
Нодиршоҳ барои тасаллут бар Доғистон се бор ба ин иёлат лашкаркашӣ карда буд.