Июн 26, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Масоили кишварҳои исломӣ ҷароҳати умдае бар пайкараи  ислом аст

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масоили Яман, Баҳрайн ва дигар кишварҳои исломиро ҷароҳати умдае бар пайкараи ҷаҳон ислом донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар хутбаҳои намози иди Саиди Фитр тасреҳ карданд: Ҷаҳони ислом бояд батаври сареҳ аз мардуми Яман ҳимоят кунад ва аз золимон ва ситамгароне, ки ин мардумро дар рӯзҳои моҳи Рамазон, мавриди таҳоҷумҳое қарор доданд, ибрози бароат ва безорӣ кунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Миллати Эрон метавонад пуштвонаи ин ҳаракати азими ҷаҳони ислом қарор гирад ва аз мардуми Яман, Баҳрайн ва Кашмир ҳимоят кунад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки Эрон мавозеи худро дар бораи душманон ва муоризон ба сароҳат эълом мекунад, таъкид карданд: Дунёи ислом ба хусус уламо ва равшанфикрон бояд ҳамин шеваро дунбол кунанду сареҳ мавзеъ бигиранд, ҳатто агар тоғутҳо норозӣ шаванд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба муваффақиятҳои бузурги миллати Эрон гуфтанд: Роҳпаймоии бошукӯҳ ва боазамати рӯзи Қудс дар ҳавои гарм, коре бисёр азим ва торихӣ буд ва баунвони як ифтихор дар торихи миллат боқӣ хоҳад монд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, баргузории интихоботи пуршӯр ва азамат ва таҳоҷуми қудратмандонаи сипоҳ ба душманонро захоири арзишманди иҷтимоӣ ва мояи сарафрозӣ ва умеди миллат хонданд .

 

Барчасп