Убури 440 ҳазор ҳавопаймо аз осмони Эрон бидуни ҳатто як ҳодиса
(last modified Mon, 26 Jun 2017 13:12:33 GMT )
Июн 26, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Убури 440 ҳазор ҳавопаймо аз осмони Эрон бидуни ҳатто як ҳодиса

Фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиёи артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Дар як сол, 440 ҳазор ҳавопаймо аз осмони Эрон бидуни ҳатто як ҳодиса убур кард.

Амир сартип Фарзоди Исмоилӣ, фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии хотамуланбиёи артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи маросими намози иди Саиди Фитр дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо изҳор кард: Нови ҷангии як кишвари абарқудрат бо суръати кам ба каштии тиҷорӣ бархурд мекунад ва дучори ҳодиса мешавад, аммо осмони Эрон бо вуҷуди чандин ҳазор парвоз дар сол, ҳатто як ҳодиса ҳам надоштааст .

Амир Исмоилӣ афзуд: Ваҳдати мардуми Эрон, дифои мунсаҷиму якпорчаеро барои кишвар ба вуҷуд овардааст .

Сардор амир Алии Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дар ҳошияи ин маросим, бо ишора ба партоби мушак ба мавозеи террористҳо дар Сурия таъкид кард: Душманон бидонанд, ки амнияти мардуми Эрон хатти қирмизи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрони 18 июн бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ, пуштибонӣ ва сохти мошинҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ дар Дерулзур, шарқи ин кишварро бо шаш фарванд мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод .