Июл 01, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ дар Машҳад

Шаҳри Машҳад ва пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом аз фардо мизбони нуҳумин иҷлоси Иттиҳоди радио ва телевизионҳои кишварҳои исломӣ аст.

Нуҳумин иҷлоси Иттиҳоди радио телевизионҳои кишварҳои исломӣ фардо бо ҳузури 500 меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ, мудирон ва намояндагони шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, расонаҳои маҷозӣ ва муассисаҳои расонаии исломӣ дар салони ҳамоишҳои Садо ва Симои Хуросони Разавӣ, дар шаҳри Машҳад оғоз мешавад ва се рӯз идома меёбад.

Ба ҳамин муносибат асри имрӯз аввалин намоишгоҳ ва бозори филми исломӣ низ бо ҳузури 100 ширкати фаъол дар ҳавзаи тавлиди филм ва намоишҳои исломӣ дар маҳалли намоишгоҳи Остони Қудси Разавӣ барпо мешавад.

Ҳудуди 500 асари телевизионӣ ва сад асари радиоӣ дар қолабҳои филм, мустанад, гузоришҳои хабарӣ ва барномаҳои таркибӣ бо мавзӯоте ҳамчун ҷаҳони Ислом, ваҳдати исломӣ, истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизм, дифоъ аз миллатҳои мазлум ва ҷабҳаи муқовимат ба дабирхонаи ин иҷлос расидааст.

 Дар Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ 230 шабака аз 36 кишвари ҷаҳон узвият доранд.

 Кишварҳои Эрон, Ироқ, Озарбойҷон, Покистон, Афғонистон, Лубнон, Фаластин, Ҳинд, Босни, Англия, Нидерландия, Дания, Белгия ва Норвегия аз ҷумлаи аъзои ин иттиҳод ҳастанд.