Сиёсати Баҳрайн: Табаият аз Арабистон ва иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон
Мақомҳои Баҳрайн дар идомаи сиёсати фарофиканӣ, бори дигар иттиҳомҳои мавҳуми худ мабнӣ бар мудохилаи Эронро такрор кардаанд. Аммо иртибот додани масоили дохилии ин кишвар ба ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси кадом санаду мадрак аст?
Ончи маъмул ин равия аз иддаосозиҳои нахнамошуда аст, истинод ба бархе гуфтаҳои сохтагӣ ва изҳороти ҷаълӣ аст, ки дар қолаби эътирофоти аз ба истилоҳ ҳастаҳои террористии муталошишуда тавассути мақомҳои Баҳрайн мунташир мешавад ва дар ниҳоят дастовези иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон қарор мегирад.
Чунин шевае мубтанӣ бар ду ҳадаф аст. Ҳадафи аввал, сарпуш гузоштан бар мушкилоти дохилии Баҳрайн аст. Дар воқеъ, мақомҳои баҳрайнӣ ба ҷои қабули ҳақиқат ба дунболи сохтани мутаҳҳамони фарзӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, режими Баҳрайн ҳар аз чанде ба баҳонаи муқобила бо ҳастаҳои террористӣ хабар аз дастгирии теъдоде аз атбои ин кишвар медиҳад ва иддао мекунад, онҳо бо ҷумҳурии исломии Эрон дар иртибот буданд .
Қосимӣ ба ҳокимони Баҳрайн тавсия кард, “Ба ҷои фарофикании мустамар ва муттаҳам кардани ҳамсоягон, ба таъкидҳои мукаррари ҷомеаи байналмилалӣ барои оғози музокира бо раҳбарони мухолиф посухи мусбат диҳанд”.
Баҳрайн аммо барои хориҷ шудан аз бунбасте, ки худ бавуҷуд оварда, ҳамчунон дар садади фарофиканӣ ва ташдиди таниш дар минтақа аз тариқи иттиҳомсозӣ алайҳи дигарон аст. Албатта ҳокимони Баҳрайн ин равишро аз тарроҳони аслии ингуна сиёсатҳои фарофиканона яъне Арабистон омӯхтаанд.
Нгоҳе ба лояҳои пинҳон дар сиёсатҳои Баҳрайн нишон медиҳад, ки решаи масъала дар ҷои дигарест. Воқеият ин аст, ки Манома худро гирифтори сиёсатҳои мудохилаҷуёнаи Арабистон кардааст.
Баҳрайн ҷузъи ҳамин даста аз кишварҳост, ки бо таҳрики Арабистон ва муҳосиботи иштибоҳ тасаввур мекунад, бо андохтани туп дар замини Эрон метавонад аз мушкилоти дохилиаш раҳоӣ ёбад, аммо на ин фарофиканӣ ва на сиёсати ба истилоҳ мушти оҳанин натавонист монеъ аз пайгирии мутолиботи машруи мардуми Баҳрайн шавад .
Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо бо радди ҳаргуна дахолат дар умури Баҳрайн аз мақомҳои ин кишвар хостааст, ки ба мутолиботи шаҳрвандони худ эҳтиром бигузоранд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар яке аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иддаои ҳуккоми баҳрайнӣ мабнӣ бар дахолати ҷумҳурии исломии Эрон дар ин кишвар, ин иддаоро дуруғ хонда ва таъкид карданд: "Эрон ҳарҷо дахолат кунад, сареҳан эълом мекунад. Барои мисол, мо дар зиддияти режими саҳюнистӣ дахолат кардем, ки натиҷаи он ҳам пирӯзӣ дар ҷангҳои 33 рӯза ва 22 рӯза шуд. Баъд аз ин ҳам ҳар кас бо режими саҳюнистӣ мухолифат кунад, пуштибони ӯ ҳастем ва кумакаш мекунем”.
Акнун ҷомеаи байналмилалӣ ба ин воқеият расидааст, ки буҳрони Баҳрайн натиҷаи рӯйкарди амниятии Оли Халифа ба эътирозоти маданӣ ва мусолиматомези аксарияти мардуми ин кишвар аст ва бо фарофиканӣ наметавон сурати масъаларо пок кард .
Шайх Алӣ Салмон, дабири кулли ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн дар ин бора мегӯяд :
"Роҳи ҳалли сиёсӣ ва иҷобати хостаҳои миллати Баҳрайн иҷтинобнопазир аст ва ҳаргуна таъхир дар ин роҳи ҳал, Баҳрайнро мутаҳаммили ҳазинаҳои бештаре мекунад”.