Июл 29, 2017 16:41 Asia/Dushanbe
  • Нахустин медали таърихии қаиқрони Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ

Қаиқрони эронӣ дар финали обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 соли ҷавонони ҷаҳон, дар риштаи “Kano”-и якнафара, нахустин бор дар таърихи ин риштаи варзишӣ, муваффақ ба касби медали бурунз шуд.

 Ба гузориши ИРНА, Муҳаммаднаби Ризоӣ дар финали “Kano”-и якнафараи ҳазор метри мардон дар рақобат бо ҳарифоне аз Олмон, Латвия, Беларус, Испания, Куба, Бразилия, Венгрия ва Русия дар ҷойгоҳи сеюм истод ва медали бурунзро бар гардан овехт.

  Ин нахустин бор аст, ки як қаиқрони эронӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон, рӯйи саку меравад.

  Рақобатҳои обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 ва ҷавонони ҷаҳон, аз 28 то 30 июли ҷорӣ бо ҳузур намояндагони 54 кишвар дар Бухарест- пойтахти Руминия дар ҳоли баргузорӣ аст.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 14 қаиқрони зан ва мард дар ду риштаи “Kayak” ва «Kano » дар ин рақобатҳо ҳузур дорад.