Август 02, 2017 11:36 Asia/Dushanbe

Дар ҳошияи иҷлоси фавқуллодаи вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Истамбул, он чи беш аз асли нишаст таваҷҷуҳи расонаҳоро барангехт, наҳваи бархурди вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон буд.

Дар ин иҷлос, ки рӯзи гузашта дар Истамбули Туркия баргузор шуд, Одил Ҷубайр бо ҳадафи оғӯшкашӣ ба сӯйи Муҳаммадҷаводи Зариф омад ва пас аз дар оғӯш кашидани вай бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ин иқдоми ҳамтои саудиашро оддӣ ва роиҷ дар урфи дипломатӣ донист ва гуфт: “далели ин кор ҳам эҳтироми мутақобил ва ҳам дӯстии деринае буд, ки бо Ҷубайр доштам”.

 Хабарнигор: Маҷиди Ахавон