Август 03, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Таҳримҳо Эронро қавитар кард

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи панҷшанбе дар маросими имзои ҳукми раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ, таҳримҳо зидди Эронро муҷиби қавитар шудани Эрон донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: “Агарчӣ таҳримҳо мушкилотеро ба вуҷуд овард, аммо муҷиб шуд таваҷҷуҳи мо ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои дохилӣ ҷалб шавад ва ба ҳамин далел имрӯз бо вуҷуди хости душман, Эрон ба маротиб қавитар ва муқтадиртар аз солҳои аввали инқилоб аст”.

Раҳбари инқилоби исломӣ режими Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мутаҷовизтар аз ҳама султаталабон донистанд ва таъкид карданд, чаҳор даҳа фаъолияти байналмилалӣ нишон додааст, ки ҳазинаи таслим дар баробари қудратҳои зӯргӯ ба маротиб бештар аз ҳазинаи истодагӣ дар баробари онҳо аст.

 Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷанҷолҳои ахир дар бораи партоби мушаки моҳворабар ба фазо ишора карданд ва афзуданд: “Партоби ин мушаки моҳворабар як кори илмиву фаннӣ ва маъмул ва албатта лозим барои кишвар буд, аммо дар ҳамин мавзӯъ низ ҷанҷол ба по карданд”.

Раҳбари муаззами инқилоб дар бахши дигаре аз суханони худ давлатмардонро ба кори қавӣ ва ҳисобшуда дар арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дифоӣ ва низ ҳифзи ҳуввияти исломӣ ва инқилобӣ барои муқобила бо ҳиллаҳо ва баҳонаҳои бадхоҳон тавсия карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин ҷаласаи имзои ҳукми раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳониро ба сабаби ин ки “нақшофаринии мардум дар интихоби мудирони сатҳи аввали кишвар”- ро нишон медиҳад, бисёр бо аҳамият донистанд ва таъкид карданд, таъсиргузории раъй ва гузиниши мардум дастоварди бузурге аст, ки ба баракати инқилоб амалӣ шудааст.

Бар асоси асли 110-и Қонуни асосии Эрон, пас аз он ки мардум дар интихобот раиси ҷумҳуриро интихоб мекунанд, Раҳбари инқилоби исломӣ ҳукми раёсати ҷумҳуриро имзо мекунанд ва аз таърихи имзои ҳукм давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ оғоз мешавад.

 

Барчасп