Август 05, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Паёми Эрон сулҳ, дӯстӣ ва амният барои мардуми ҷаҳон аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури ҳайатҳое аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ширкат дар маросими таҳлифи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, паёми Теҳронро сулҳ, дӯстӣ, амният, тавсеа ва рифоҳ барои мардуми ҷаҳон унвон кард.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт: Ҳузури ҳайатҳое аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои ширкат дар маросими савгандёди Ҳасани Руҳониро нишондиҳандаи таомули мусбати ҷаҳон бо Эрон дар шароити кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон баршумурд ва афзуд: Эрон ба ҳамаи онҳое, ки хоҳони ҳусни ният ҳастанд, посухи дӯстона хоҳад дод.

Қосимӣ гуфт: Эрон ҳақи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил ва мудохила накардан дар умури якдигарро асли асосӣ дар танзими равобити минтақаии худ қарор додааст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба талошҳои бадандешон барои мунзавӣ кардан ва афзоиши эронҳаросӣ дар солҳои ахир, тасреҳ кард: Ҳузури ин ҳайатҳо барои ширкат дар маросими таҳлифи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, талошҳои бадандешон ба далели дурӯғин будани иттиҳомҳо ва нигоҳи воқеъгароёнаи аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷойгоҳи кунунии Эрон дар минтақа ва ҷаҳон бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Ойини таҳлиф (савганд)-и дувоздаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон асри имрӯз (шанбе) бо ҳузури мақомоти Эрон ва мақомоти олиртба аз даҳҳо кишвари ҷаҳон дар саҳни Маҷлиси шӯрои исломии Эрон баргузор мешавад.

Ҳасани Руҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи риёсати Ҷумҳурим Эрон дар 19 майи 2017 бо беш аз 23 миллион раъй дар интихобот пирӯз шуд.