Август 10, 2017 20:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар манзили хонаводаи шаҳидони Машҳад

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар сафари ахирашон ба Машҳад (шимолу шарқи Эрон) бо ҳузур дар манзили шуморе аз хонаводаҳои шуҳадо, аз мақоми шомихи шаҳидони Дифои муқаддас ва шуҳадои мудофеи ҳарам таҷлил карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар дидори худ бо хонаводаи шуҳадо бо баёни инки ҳамаи кишвар ва ҳамаи миллати Эрон дар дараҷаи аввал мадюни шуҳадо ва баъд ҳам мадюни хонаводаҳои шуҳадо ҳастанд, фармуданд, ҳама бояд муқобили сиёсати ба фаромӯшӣ супурдани шаҳодат, шаҳид ва хонаводаи шаҳид истодагӣ кунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мавзӯи озодсозии шаҳри Ҳалаби Сурия аз ишғоли террористҳои ДИИШ таъкид карданд, озодии Ҳалаб онқадар муҳим буд, ки ҳамаи муҳосиботи Амрико ва режими Саудиро дар Сурия ва дар минтақа, 180 дараҷа баҳам зад ва боис шуд хуни шуҳадо ҳадар наравад.

 

Барчасп