Август 21, 2017 19:02 Asia/Dushanbe

Фардо 22-уми август баробар бо 31-уми мурдод ва охирин рӯзи моҳи зилқаъда- мусодиф бо солрӯзи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Имом Ҷавод (а) пешвои бузурги мусулмонон ва аз наберагони поки Расули гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом Муҳаммад Тақӣ (а) маъруф ба Имом Ҷавод (а) танҳо фарзанди Имом Ризо (а) аст, ки дар соли 203 қамарӣ ва пас аз шаҳодати мазлумонаи падараш имомати уммати исломиро бар ӯҳда гирифт ва дар муддати 16 соли имомати худ, ҳамвора бо истиқболи густурдаи гурӯҳҳои мухталифи мардум рӯбарӯ буд, ба наҳве, ки барои хилофати Аббосӣ таҳдиде ҷиддӣ маҳсуб мешуд.

Саранҷом Муътасам, халифаи вақти Аббосӣ бо тарҳи тавтеае Имом Ҷавод (а)-ро, ки он замон 25 сол бештар надоштанд ба заҳри масмум кард ва ба шаҳодат расонд.

Ба муносибати шаҳодати ин набераи гиромии Расули Худо (с) саросари Эрони исломӣ имшаб ва фардо сиёҳпӯш ва сӯгвор аст.

Ҳарами нуронии ҳазрати Ризо (а), падари бузургавори Имом Ҷавод (а), дар шаҳри Машҳад ҳам ин айёми мизбони миллионҳо зоире аст, ки ба расми адаб ва иродат омадаанд, то шаҳодати фарзанди он ҳазратро ба остони эшон таслият гӯянд.

Радио тоҷикии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳодати мазлумонаи пешвои саховат ва карам Имом Ҷавод (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони хонадони ҳазрати Муҳаммад (с) таслият мегӯяд.