Сентябр 05, 2017 11:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз кишварҳои исломӣ барои поёни хушунат зидди мусулмонони Миёнмар

Вазири умури хориҷаи Эрон иқдомоти амалии кишварҳои исломиро барои поён додан ба хушунатҳо алайҳи мусулмонони Миёнмар хостор шуд.

  Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон дар тамосҳои телефони ҷудогона бо Мавлуд Човишуғлу, Анифа Амон ва Ретно Марсудӣ, ҳамтоёни туркияӣ, малайзияӣ ва индонезияиаш дар бораи вазъи андӯҳбори мусулмонони Миёнмар ибрози нигаронӣ кард ва таваҷҷуҳи бештар ва иқдомоти амалии кишварҳои исломӣ барои поён додан ба хушунатҳои нораво ва ғайриинсонӣ алайҳи ононро хостор шуд.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ин тамосҳо омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ҳар гуна мусоидат ва бакоргирии роҳкорҳои ҷамъӣ аз сӯи ҷомеъаҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои исломӣ эълом кард.

Бар асоси омори Созмони Миллал дар рӯзҳои ахир 90 ҳазор нафар аз мусулмонони Руҳингиё аз устони Рохин ба думболи шиддатёбии ҳамлаҳои артиш ва буддоиёни тундрави Миёнмар фирор кардаанд.

  Бар асари ҳамлаҳои нави артиши Миёнмар ба мусулмонони Руҳингиё, ки аз ҳудуди ду ҳафтаи гузашта оғоз шудааст, даҳҳо нафар ҳам кушта шудаанд.

Давлати Миёнмар як миллион мусулмони руҳингиёиро муҳоҷирони ғайриқонунӣ медонад ва ҳеҷ ҳаққи шаҳрвандӣ барои онҳо доданӣ нест.

Шиддатёбии саркуби мусулмонон дар Миёнмар аз соли 2012 то кунун ҳазорон кушта бар ҷо гузошта ва даҳҳо ҳазор нафарро низ ба тарки хонаҳояшон маҷбур кардааст.

 

Барчасп