Сентябр 05, 2017 20:17 Asia/Dushanbe
  • Самардиҳии ҳамкории роҳбурдии Эрону Русия дар мубориза бо терроризм

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, натиҷаи арзишманди ҳамкории роҳбурдии Эрон, Сурия, Русия ва ҷабҳаи муқовимат дар муқобилаи воқеӣ бо терроризм дар ҳоли зуҳур аст.

Алии Шамхонӣ рӯзи сешанбе дар Теҳрон дар дидор бо Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия ба муваффақияти чашмгири Эрон, Сурия, Русия ва ҷабҳаи муқовимат дар набард бо террористҳо ишора карда афзуд, ҳамкорӣ ва талоши ҷонибҳо бо тарафҳои дигар сирфан бар асоси ҳусни ният ва дар ҳимоят аз хости мардуму ҳукумати машрӯъ ва қонунии Сурия сурат мегирад. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба рафтуомади озоди аносири террорист аз марзи бархе кишварҳои ҳамсояи Сурия барои дарёфти силоҳу имконот аз он кишварҳо гуфт, кишварҳои мухталиф бояд ба паёмадҳои ҳимоят аз терроризм дар эҷоди ноамнӣ дар сарзаминҳои худ андишанд ва заминаи тавсеаи терроризм ба муҳити амнияти худро фароҳам накунанд.

Александр Лаврентиев низ дар ин дидор зимни ироаи гузорише аз охирин музокироту талошҳои дипломатӣ бо кишварҳои мухталиф дар мавзӯи Сурия таъкид кард, Маскав ҳамчунон ба иқдоми низомӣ алайҳи террористҳо ва касоне, ки ба роҳҳали сиёсӣ пойбанд набошанд, мутааҳҳид аст ва ба мубориза бо аносири ДИИШ, Ҷабҳат-ун-нусра ва гурӯҳҳои муртабит ба ононро дар канори пайгирии роҳҳалҳои сиёсӣ идома хоҳад дод.