Сентябр 09, 2017 16:43 Asia/Dushanbe
  • Таассуфи Рӯҳонӣ аз сукути созмонҳои байналмилалӣ ‏др қиболи ҷиноят алайҳи мусулмонони Миёнмор

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафар ба Қазоқистон барои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ, аз сукути созмонҳои байналмилалӣ ‏дар қиболи ҷиноят алайҳи мусулмонони Миёнмор ибрози таассуф кард.

Аз рӯзи ҷумъа (25 август) токунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Роҳингиё дар устони Рохин, ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор мусулмони руҳингиёӣ кушта ва ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо васимо, Ҳасани Рӯҳонӣ бо баёни инки дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фановарӣ дар Қазоқистон, нишасте ҳам барои мавзӯи Миёнмор ташкил хоҳад шуд, гуфт, мавзӯи Миёнмор дар ҷаҳони Ислом як фоҷиаи бисёр бузурги инсонӣ аст ва ҷаҳони Ислом наметавонд, дар хусуси ҷиноёт алайҳи мусулмонони Миёнмор бетафовут бошад.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, дар ҷаҳони имрӯз, ҳалли мушкилоти зист муҳитӣ, иштиғол, амнияти ғизоӣ, обу энержӣ дар сояи илм ва фанноварӣ аст.

Рӯҳонӣ гуфт, дар ҳошияи ин иҷлос музокироте низ бо бархе аз сарони кишварҳои исломӣ барои равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад дошт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии раисиҷумҳурии Қазоқистон ва барои суханронӣ дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ, имрӯз (шанбе) ба Остона, пойтахти ин кишвар сафар кард.