Сентябр 10, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи ҳамкории илмӣ бо ҷаҳони Ислом

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкории ҳамаҷониба дар арсаи илму фановарӣ ва навоварӣ бо ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои исломӣ омода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар заминаи илму фанноварӣ аз кишварҳои исломӣ хост, ба дур аз тафриқаафканиҳои душманони Ислом ва қудратҳои ҷангталаб, барои ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварона ва навсозии ҳарчӣ бештари кишварҳояшон талош кунанд.

 Рӯҳонӣ ҷаҳони Исломро бахше муҳим ва муассир дар дунёи имрӯз донист ва гуфт, тавонмандӣ, пешрафт ва суботи ҷаҳони Ислом сабаби тавонмандӣ, пешрафт ва суботи ҷаҳонӣ хоҳад шуд ва заъфу азҳамгусехтагии ҷаҳони Ислом сулҳи пойдор, тавсеаи ҳамаҷониба ва ҳамгироии муассири ҷаҳониро номумкин хоҳад кард.

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, рушду ҳамгироии кишварҳои исломӣ, эҷоди фазои умед, созандагӣ, корофаринӣ ва талоши муштарак барои вуруд ба ҷаҳони тавсеаёфта, дар гарави дурӣ аз ҷаҳл, фақр, ҷанг ва хушунат аст.

 Рӯҳонӣ бо ишора ба чолишҳои кунунии ҷаҳони Ислом гуфт, ҷиноятҳо алайҳи мусалмонон дар Фаластин, Миёнмор, Сурия, Ироқ ва Яман ниёз ба ҳамбастагӣ ва иттиҳоди уммати исломиро аз ҳар замони дигар бештар кардааст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки миллати Эрон дар тамаддуни пеш аз Ислом ва пас аз Ислом аз парчамдорони илму фарҳанг дар таърихи башарӣ будааст, ибрози умедворӣ кард, иҷлоси «Илм, фанноварӣ ва навсозӣ дар ҷаҳони Ислом» дар шаҳри Остона сабаби афзоиши ҳамкориҳои созанда миёни кишварҳои исломӣ дар ҳавзаҳои мухталиф шавад.

 

Барчасп