Сентябр 11, 2017 19:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мушкилоти кишварҳои минтақа роҳи ҳалли минтақаӣ дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мушкилоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон роҳи ҳалли минтақаӣ дорад ва ҳаргиз ба дасти бегонагон ва қудратҳои фароминтақаӣ ҳаллу фасл намешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Хоҷамуҳаммад Осиф, вазири хориҷаи Покистон дар Теҳрон афзуд, кишварҳои минтақа, ба вижа Эрон ва Покистон бояд барои барқарории амният, субот ва оромиши минтақа талош ва ҳамкорӣ кунанд.

Рӯҳонӣ таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон дар заминаи мубориза бо терроризм, тавсеаи сулҳ, субот ва амният дар минтақа аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин густариши ҳамкориҳои Эрон ва Покистон дар заминаи муқобила бо терроризм ва иртиқои амният дар марзҳои муштараки ду кишварро зарурӣ донист ва таъкид кард, тақвияти амнияти марзҳо ва табдили он ба марзҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва эҷоди бозорчаҳои марзӣ дар ин манотиқ, ба нафъ ду миллат ва дар чорчӯби субот ва амнияти минтақа хоҳад буд.

Хоҷамуҳаммад Осиф, вазири хориҷаи Покистон низ дар ин дидор иродаи кишварашро тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот бо Эрон эълом кард ва гуфт, ҳалли мушкилоти кишварҳои минтақа ниёзманди роҳиҳалҳои минтақаӣ, ба вижа бо ҳузури Эрон аст ва ҳар иқдоме аз сӯйи қудратҳои хориҷ аз минтақа наметавонад роҳкушо бошад.

 

Барчасп