Сентябр 12, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Волии Қандаҳор: Эрон ҳомии Афғонистон аст

Волии Қандаҳори Афғонистон Эронро ҳомии Афғонистон ва дорои нақши муҳим дар тавсеаи ин кишвар донист.

Ба гузориши ИРНА, Залмай Висо рӯзи сешанбе дар дидор бо мудири кулли Созмони минтақаи озоди Чобаҳор, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон гуфт, Эрону Афғонистон иштирокоти зиёде доранду Эрон ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон аст. Волии Қандаҳор Афғонистон афзуд, Эрон кишвари пешрафта ва Чобаҳор яке аз беҳтарин манотиқ барои дастрасии Афғонистон ба обҳои озоду иртибот бо ҷаҳон аст. Висо ҳамчунин ба мизбонии Эрон аз миллионҳо паноҳҷӯи афғон ишора карда гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хубӣ ҳаққи ҳамсоягиро дар паноҳ додан ба муҳоҷирони афғон адо кардааст.

Волии Қандаҳори Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз рӯзи якшанбе барои сафари серӯза вориди Чобҳор шудаанд.

Бандари Чобаҳори Эрон наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳое назири Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои озод аст ва аз ин рӯ, аз аҳамияти болое бархурдор аст.