Октябр 26, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи раҳбари инқилоби исломӣ ба ироқиҳо: Ба Амрико эътимод накунед

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба давлати Ироқ суфориш карданд, ҳечгоҳ ба амрикоиҳо эътимод накунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, субҳи панҷшанбе дар дидори Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ, аз иқдомоти давлати Ироқ барои дифоъ аз ҳокимияти якпорча ва тамомияти арзии ин кишвар ҳимоят карданд ва Ироқро кишваре таъинкунанда ва муҳим дар ҷаҳони араб хонданд .

Эшон бо ҳимоят аз талошҳои давлати Ироқ барои тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсояву минтақа, ба Алъибодӣ гуфтанд: “Дар айни ҳол бояд муроқиби макр амрикоиҳо бошед ва ҳаргиз ба онҳо эътимод накунед”.

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: “Амрикои‌ҳо худашон ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд, аммо акнун, ки террористҳо аз давлату мардуми Ироқ шикаст хурдаанд, худро бо ин таҳаввули муҳим ҳамроҳ ва ҳамҷиҳат нишон медиҳанд. Албатта бидуни тардид ҳар вақт фурсат биёбанд, дубора ба Ироқ зарба хоҳанд зад”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳимоят аз густариши ҳамаҷонибаи равобити Теҳрон-Бағдод дар заминаҳои мухталиф, ба Ҳайдар Алъибодӣ гуфтанд: “Таваҷҷуҳи миллатҳои минтақа ба муваффақиятҳои Ироқ, натиҷаи заҳамот ва шуҷоатҳои мардуми Ироқ, шумову дигар масъулони ироқист”.

Нахуствазири Ироқ ҳам дар ин дидор гуфт, мардуму ҷавонони ироқӣ бо диққати комил аз ваҳдат ва якпорчагии Ироқ муҳофизат мекунанд .

Вай афзуд: Ҳамонгуна, ки қаблан низ ба бародаронамон дар иқлим (Курдистони Ироқ) гуфта будем, иҷоза намедиҳем, хатари таҷзия Ироқро таҳдид кунад .

Ҳайдар Алъибодӣ бо ташаккури самимона аз ҳимоятҳои Эрон дар муборизаи Ироқ бо террористҳо гуфт: Бо иштиёқи комил барои густариши равобит бо ҷумҳурии исломии Эрон талошу фаъолият мекунем .