Ноябр 01, 2017 21:48 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ва Путин: Эрон ва Русия шарикони роҳбурдӣ ҳастанд

Раисони ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия, ду кишварро шарикони роҳбурдии якдигар донистанд ва бар тавсеа ва тақвияти ҳамаҷонибаи равобит ва ҳамкориҳо таъкид карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Теҳрон, тавсеаи ҳамкориҳо ва равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишварро бисёр боаҳаммият донист .

Рӯҳонӣ гуфт: Эрон аз ҳузури фаъоли сармоягузорон ва бахши хусусии Русия барои мушорикат ва ҳамкорӣ дар тарҳҳои муҳими зерсохтӣ аз ҷумла тавсеаи хутут ва иттисоли рейлӣ ва долони шимол–ҷануб истиқбол мекунад .

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин бо таъкид бар инки БАРҶОМ як тавофуқи чандҷониба аст ва ҳифз ва пойдории он барои сулҳу суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ муҳим аст, афзуд: Нақши Русия барои таҳким ва пойдории БАРҶОМ ва иҷрои тааҳҳудот аз сӯи ҳамаи тарафҳои музокира муҳиму таъсиргузор аст .

Рӯҳонӣ ба нақшофаринии Эрону Русия дар мубориза бо терроризм дар Сурия ҳам ишора карду гуфт: Ҳамкорӣ ва ройзаниҳои муштараки Эрону Русия дар мароҳили поёнии ин мубориза низ дорои аҳаммият аст .

Владимир Путин, ки барои ширкат дар Нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Эрон, Русияву ҷумҳурии Озарбойҷон ба Теҳрон сафар кардааст низ дар ин дидор гуфт: Эрон ҳамсоя ва шарики роҳбурдии Русия башумор мераваду ду кишвар дар тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба манофеи муштараки бисёре доранд .

Раисҷумҳури Русия, БАРҶОМ-ро тавофуқе дар чорчуби сулҳу суботи ҷаҳонӣ баршумурду афзуд: Барҳам задани якҷонибаи БАРҶОМ ба ҳар баҳонае пазируфтанӣ нахоҳад буд ва БАРҶОМ иртиботе бо масоили дифоӣ ва мушакии Эрон надорад .