Ноябр 02, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Танҳо роҳи муқобила бо густохии Амрико, истодагӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки кӯтоҳ омадан дар муқобили амрикои‌ҳо, онҳоро бебок ва густох мекунад, таъкид карданд: Бинобарин танҳо роҳ, муқобила ва истодагӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори пуршӯри ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯён, насли ҷавонро пешрав ва пешрони ҷомеа хонданд .

Эшон таъкид карданд: Ин насли хушистеъдоду хуш‌фаҳм, бетардид Эрони азизро бо убур аз мавонеъ ва сахтиҳо ба нуқтаи матлубе хоҳад расонд, албатта таҳаққуқи ин ҳадафи дурахшон, ниёзманди шинохти душмани аслӣ ва хабиси миллати Эрон яъне Амрикост .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Амрико ба маънои воқеии калима, душмани хабис ва аслӣ аст ва ин ҳақиқат на аз сари таассубу нигоҳи бадбинона, балки ношӣ аз таҷруба, фаҳми дурусти масоил ва дидани воқеиёти майдон аст .

Эшон бо ишора ба суханони ахири раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар террорист будани миллати Эрон афзуданд: Ин ҳарфи аблаҳона нишон медиҳад, амрикоиҳо на фақат бо раҳбарӣ ва давлати Эрон душман ҳастанд, балки бо асли вуҷуди миллате, ки хастагинопазир дар муқобили онҳо истодааст, хусумату кинаварзӣ мекунанд .

Эшон бо ёдоварии суханони чанд соли қабли яке аз масъулони амрикоӣ, ки гуфта буд, бояд решаи миллати Эронро аз байн бубарем, афзуданд: Онҳо қодир ба дарки ин ҳақиқат нестанд, ки миллате бо чунин собиқаи пурбори торихӣ ва фарҳангиро наметавон решакан кард .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба душманиҳои мукаррари давлати Амрико ишора карданду афзуданд: Амрикоиҳо алон ҳам барои хароб кардани натиҷаи музокироти ҳастаии БАРҶОМ, ниҳояти хабосатро ба амал меоваранд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо тавсияи муваккад ба донишомӯзон ва донишҷӯён барои фаромуш накардани душмани аслӣ яъне Амрико, ин шарти аслиро тадовумдиҳандаи масири хушоқибати ояндаи Эрон донистанд .