Ноябр 06, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои 1500 ҷилд китоби марҷаъ ба Донишгоҳи Ҳироти Афғонистон

Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, 1500 ҷилд китоби марҷаъро ба Донишгоҳи Ҳироти Афғонистон эҳдо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Нуруллоҳи Роғӣ, сарконсули Афғонистон дар Машҳад дар шимоли шарқи Эрон гуфт: Ин 1500 ҷилд китоби марҷаъ бо ҳамкории Муҳаммади Кофӣ, раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба Донишгоҳи Ҳироти Афғонистон эҳдо шуд .  

Саид Нуруллоҳи Роғӣ бо ишора ба тафоҳумномаҳои имзошуда байни донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва Ҳироти Афғонистон, бар истифода аз зарфиятҳо ва тавлидоти илмии дутараф таъкид кард .