Ноябр 07, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин дафтари тиҷории Эрон дар Астрахани Русия

Фаъолияти нахустин дафтари тиҷории Эрон дар устони Астрахан дар ҷануби Русия оғоз шуд.

Денис Афанасев, масъули равобити байналмилал ва иқтисоди Астрахани Русия дар маросими ифтитоҳи нахустин дафтари тиҷорӣ ва бозаргонии Эрон дар устони Астрахани Русия гуфт: Ин рӯйдоде бесобиқаст, ки муҷиби тақвияти равобити тиҷории байни ду кишвар мешавад .

Вай гуфт: Бозаргонони Русия метавонанд ба ин дафтар муроҷиа, аз маҳсулоти он боздид ва ончиро, ки ниёз доранд, интихоб кунанд ва ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои мавриди назар вориди музокира шаванд .

Алӣ Муҳаммадӣ, сар консули Эрон дар Астрахан низ дар ин маросим гуфт: Эрон қасд дорад, аз ин дафтари ҷадид барои шинохти беҳтари бозори масрафи Русия ва афзоиши содироташ истифода кунад .