Ноябр 11, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар эҳёи Исломи суннатӣ дар баробари ифротгароӣ

Ройзани фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ва муфтии аъзам ва раиси идораи динии Маркази мусалмонони Русия бар эҳёи исломи суннатӣ дар муқобила бо ифротгароӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ризо Маликӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Русия рӯзи ҷумъа дар дидори Талъат Тоҷиддин, раиси идораи динии Маркази мусалмонони Русия ба мушкилоти кунунии ҷаҳони Ислом ишора кард ва гуфт, пас аз нобудии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва минтақа, бояд аз таҷрибаи якдигар барои муқобила бо ДИИШ истифода кард.

Маликӣ бо баёни ин ки Исломи сунатӣ дар Русия ҳеҷ гоҳ ба самти терроризм ва ифротгароӣ нахоҳад рафт, изҳор дошт: “Бояд ба гунае амал кард то ҷавони мусалмони рус ба мусалмон будан ва ҳисси меҳанпарастии худ ифтихор кунанд”.

Талъат Тоҷиддин, раиси идораи динии Маркази мусалмонони Русия ҳам дар ин дидор гуфт, марокизи мусалмонони Русия пойбанд ба қонунҳои кишвар ҳастанд ва асосномаи идораи динии Русия мубтанӣ бар эҳёи суннати паёмбари Ислом (с) ва мухолифат бо ҳар гуна ифротгароӣ ва терроризм аст.

Раиси идораи динии Маркази мусалмонони Русия ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, бо ҳамкории мутақобили Эрон, Русия ва Туркия дар Сурия, битавон шоҳиди сулҳ, ҳамроҳ бо тақвияти дӯстӣ ва аз миён рафтани нафрат ва терроризм дар минтақа буд.