Арабистон дар такопӯи сафбандиҳои ҷадид алайҳи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25410-Арабистон_дар_такопӯи_сафбандиҳои_ҷадид_алайҳи_Эрон
Манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки Арабистони Саудӣ аз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб баргузории нишасте фаврӣ ба манзури баррасии он чӣ Риёз онро “дахолатҳои Эрон дар минтақа” меномад, хостор шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 13, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Арабистон дар такопӯи сафбандиҳои ҷадид алайҳи Эрон

Манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки Арабистони Саудӣ аз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб баргузории нишасте фаврӣ ба манзури баррасии он чӣ Риёз онро “дахолатҳои Эрон дар минтақа” меномад, хостор шудааст.

Пас аз ҳамлаи мушакии ахири нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба фурӯдгоҳи Малик Холиди шаҳри Риёз, Арабистон дар идомаи иддаоҳои беасоси худ Эронро ба даст доштан дар ҳамалоти мушакии Яман ба Риёз муттаҳам кард.

Нигоҳе ба таҳаввулот дар минтақа аз Сурия то Яман ва Лубнону Ироқ нишон медиҳад, ки Арабистон ба бозигари аслии буҳронсозӣ дар минтақа табдил шудааст ва дар ин бозии хатарнок мекӯшад кишварҳои арабиро низ даргири буҳрону танишҳои худсохта созад.

Аммо ҳамовоӣ ва ҳамсӯӣ бо Арабистон ба унвони сарчашмаи фитна, чизе ҷуз зиён барои миллатҳои минтақа надоштааст. Таҷрибаи сафбандии Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс зидди Эрон бо меҳварияти Арабистон дар замони ҷанги таҳмилии Саддом, ҳимоят аз ҷанг алайҳи Яман ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва таҷрибаи талхи Қатару Иморот ва қазоёи ахир дар Лубнон бахше аз воқеиятҳое аст, ки танҳо ба нафъи режими саҳюнистӣ будааст.

Имрӯз афкори умумии ҷаҳон медонад, ки дар натиҷаи ҳамсӯӣ бо Амрикову Арабистон дар минтақа, на терроризм аз байн рафту на амният ба минтақа бозгашт. ДИИШ низ минтақаро ба ҷанг кашид то Амрикову Арабистон беҳтар битавонанд нақшаи ҷадиди Ховари Миёнаро он гуна, ки худ мехоҳанд тарсим кунанд.

Дар ин нукта шакке нест, ки мақомҳои Арабистон ин бор низ бо сарҷамъ кардани кишварҳои арабӣ талош мекунанд доираи буҳронро густарда кунанд ва Амрико низ аз ин раванд ҳимоят мекунад.

Рэй Такей (Ray Takeyh), таҳлилгари аршади Шӯрои равобити хориҷии Амрико мегӯяд, давлати Амрико ба раёсати Доналд Трамп мехоҳад манофеи Арабистон алайҳи Эронро пеш бибарад.

Рӯзномаи итолиёии “Ил Ҷорнале” дар гузорише моҳи апрел навишт: “Равшан аст, ки часпондани барчасби ҳимоят аз терроризм ба Теҳрон дигар эътиборе надорад... Эрон ҳамвора нерӯҳо ва абзори худро барои муборизаи майдонӣ бо бузургтарин гурӯҳҳои террористие монанди ДИИШ ва Алқоида ба кор гирифтааст”.

Дар мавозеи танишофаринии Арабистон дар минтақа на танҳо ҳеч нишоне аз хайру салоҳ дида намешавад, балки ҳар он чӣ бар миллатҳои минтақа таҳмил шуда, бархоста аз шароратҳои Амрикову шуракои минтақаиаш, яъне Арабистон ва режими ҷинояткори Исроил будааст.

Акнун низ мақомҳои ташнаи қудрат дар Риёз бо суханони авомфиребона ба дунболи эътилофсозии тозае дар даруни кишварҳои Иттиҳодияи Араб ҳастанд. Иттиҳодияе, ки албатта ҳечгоҳ натавонистааст нақше асаргузору қобили эътино дар баробари Исроил, душмани аслӣ ва таҳдиди воқеӣ дар минтақа дошта бошад.

Ҳамаи ин воқеиятҳо далеле бар исботи ин нукта аст, ки Арабистон бо ҳимояти Амрико ба меҳвари шарорат табдил шудааст. Меҳвари шарорате, ки минтақаро барои ишғолгарони саҳюнист қурбонӣ мекунад.