Ноябр 16, 2017 22:28 Asia/Dushanbe
  • Реҳлати Паёмбари Акрам (с) ва шаҳодати Имом Ҳасан (а) таслият бод

Фардо (душанбе) 28 сафари соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ- баробар бо 17 ноябри 2017 милодӣ, солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) имоми дуввуми шиаёни ҷаҳон аст.

Дар шабу рӯзи солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ошиқон ва пайравони хонадони аҳлибайти исмат ва таҳорат (а) дар саросари Эрони исломӣ бо баргузории маросими вижа ва оинҳои сӯгворӣ ва азодорӣ мекунанд.

Ҳазрати Муҳаммад (с), охирин паёмбар дар силсилаи паёмбарони илоҳӣ ва таҳвилдиҳандаи китоби Қуръон ва таҷдидкунандаи оини аслӣ ва таҳрифнашудаи яктопарастӣ аст.

Оёт ё нишонаҳои Худованд, ки ба сурати ваҳй ба эшон мерасид, китоби азими Қуръоро ташкил медиҳад, ки ба унвони «Каломи Худо» дар миёни мусулмонон, гиромӣ нигаҳдошта мешавад.

Ҳазрати Муҳаммад (с) бо мӯъҷизаи Қуръон, мардумро ба яктопарастӣ ва ахлоқи нек даъват мекард.

Дар канори Қуръон, зиндагии ҳазрат ва ривоёти гирдоваришуда аз эшон низ барои мусулмонон ба унвони манобеи аслии шариати Ислом аҳамият дорад.

Ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), имоми дуввуми шиаёни ҷаҳон низ дар 28 сафари соли 50 ҳиҷрии қамарӣ дар сини 47 солагӣ ба дастури Муовия ва ба дасти ҳамсари худ масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд ва дар қабристони Бақеъ ба хок сипурда шуданд.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон”, фарорасидани солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.