Ноябр 22, 2017 22:15 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон дар Иҷлоси сарони Русия, Эрон ва Туркия дар шаҳри Сочӣ, се роҳкори асосӣ барои ҳалли буҳрони Сурия ироа кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар Иҷлоси сарони Русия, Эрон ва Туркия дар шаҳри Сочии Русия гуфт, ҷанг бо терроризм ҳануз поён наёфтааст ва набояд пирӯзии ахир алайҳи ДИИШ, моро аз идомаи хатари террористҳои такфирӣ дар Сурия ва минтақа ғофил кунад .

Рӯҳонӣ барои ҳалли буҳрони Сурия се роҳкор ироа карду гуфт, дар гоми нахуст бояд ба мардуми Сурия кумак кард, то бо инсиҷоми лозим барои шикасти комили терроризм дар кишвари худ, ба мубориза бо ин падидаи шум идома диҳанд ва дар ин мубориза, эҳтиром ба ҳокимияти миллии Сурия хадшанопазир аст .

Рӯҳонӣ роҳкори дуввумро баҳрагирии мардуми Сурия аз шароити ҷадид барои сохтани ояндае, ки дар он озодиҳои асосии мардум тазминшуда, танаввуи қавмӣ мавриди эҳтиром қарор гирифта ва мардумсолорӣ тасбит шавад, эълом кард .

Раисҷумҳури исломии Эрон дар ташреҳи роҳкори сеюм барои ҳалли буҳрони Сурия низ гуфт: Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар ояндаи Сурия бояд маътуф ба кумак ба мардуми ин кишвар дар чорчуби дастёбӣ ба субот, рафъи ранҷҳои инсонӣ ва бозсозии Сурия бошад ва ба дунболи мудохила ва ё таҳмили дидгоҳҳои худ бар мардуми Сурия набошанд .

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз дар ҳошияи Нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия дар шаҳри Сочӣ барои ҳалли буҳрони Сурия, бо Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтоёни русу турки худ низ дидор кард .