Ноябр 23, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон: Дар баробари Арабистон хештандорӣ мекунем

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, Эрон дар баробари Арабистони Саудӣ аз худ хештандорӣ нишон медиҳад.

Генерал Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ рӯзи панҷшанбе дар нахустин нишасти хабарии худ дар Теҳрон, пас аз эъломи нобудии ҳукумати ДИИШ дар минтақа, гуфт, ҳокимияти ДИИШ дар минтақа нобуд шудааст, аммо аъзои он ба сурати гурӯҳҳои чирикӣ ва зерзаминӣ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Афғонистон ҳузур доранд, лизо муқобила бо тавтеаҳои онҳо дар дастури кори Сипоҳ қарор дорад.

Ҷаъфарӣ дар бораи рӯйкарди хасмонаи Арабистони Саудӣ, алайҳи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон низ гуфт, Эрон ҳамчунон ба хештандорӣ дар қиболи Арабистони Саудӣ идома медиҳад, чаро ки намехоҳад вориди муқобилаи мустақим бо саудиҳо шавад, аммо ба онҳо тавсия мекунем даст аз ин корҳо бардоранд, зеро бо қарор гирифтан дар ҷабҳаи муқобили инқилоби исломӣ, авоқиби иқдомоташонро хоҳанд дид.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, пирӯзиҳои бузурги минтақаро мадюни Басиҷ донист ва гуфт, агар Басиҷи мардумӣ дар Сурия шакл намегирифт, ин кишвар чанд тикка шуда буд.

Вай афзуд, Басиҷи мардумӣ дар Эрон ва ҳашт соли Дифои муқаддас мӯҷиб шуд, дигар миллатҳои минтақа аз Эрон улгӯ бигиранд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин ҳушдор дод, роҳандохтани ҳар ҷанги ҷадиде дар минтақа, ба маҳви режими саҳюнистӣ мунҷар мешавад.