Ноябр 29, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ба Русия меравад

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, фардо (панҷшанбе) ба Русия сафар мекунад.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар ин иҷлос, ки дар шаҳри Сучии Русия баргузор хоҳад шуд, дар бораи истифодаи беҳина аз зарфиятҳои ҳавзаи Шангхай дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, суханронӣ хоҳад кард.

Ин мақоми аршади эронӣ ҳамчунин зарфиятҳои Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бавижа дар даврони пасобарҷомро табйин мекунад.

Дар ин иҷлос, ки ба раёсати Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия баргузор мешавад, илова бар нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шанхай, намояндагони кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилали ширикони ин созмон низ ҳузур хоҳанд дошт.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар сол 2001 аз сӯи Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба манзури ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва бо ҳадафи барқарор кардани мувозина дар баробари нуфузи Амрико ва НАТО таъсис шуд.

Эрон ба унвони узви нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳоли музокира барои касби узвияти доим аст.