Декабр 03, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводиди Эрон ва Русия дар ояндаи наздик

Сарпарасти дафтари бозорёбӣ ва таблиғоти муованати гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ ,саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон аз лағви раводид бо Русия, дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Лайло Аждарӣ дар нишаст бо намояндагони ширкатҳои гардишгарӣ ва Анҷумани мусулмонони ҷумҳурии Бошқиристон Русия дар Теҳрон гуфт, Русия ҷузви бозорҳои ҳадафи Эрон дар ҳавзаи гардишгарӣ аст ва лағви раводиди сафарҳои гурӯҳӣ, байни Эрон ва Русия мароҳили ниҳоиро мегузаронад.

Ӯ тасреҳ кард, ҷумҳурии Бошқиристон ба иллати доштани ҷамъиятӣ аз мусулмонон, аз манотиқи мавриди назари Эрон барои ҷазби гардишгар аст.

Аждарӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад бастаҳои гардишгарии ҳалолро дар ихтиёри гардишгарони мусулмони кишварҳои мухталиф қарор диҳад ва ин ҷозиба метавонад, мавриди истифодаи гардишгарон қарор гирад.

Бошқиристон аз ҷумҳуриҳои Русия аст, ки дар Осиёи Марказӣ ва миёни рӯди Волга ва ришта кӯҳи Урал қарор дорад.