Декабр 04, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории парлумонии Эрон ва Русия

Ба гузориши “Спутник”, Маҷлиси Эрон хоҳони афзоиши ҳамкорӣ дар заминаҳои сармоягузорӣ бо Русия аст.

Алии Лориҷонӣ аз омодагӣ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, миёни Маскав ва Теҳрон дар сатҳи парлумонӣ хабар дод.

Раиси Маҷлиси Эрон афзуд: "музокирот дар хусуси ҳамкорӣ байни Русия ва Эрон сурат гирифтааст. Дар ин росто дар сатҳи парлумонӣ афзоиши ҳузури ширкатҳои бузург, ҷиҳати сармоягузорӣ дар Эрон дар ҳоли анҷом аст".

Ба гузориши дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Русия, Алии Лориҷонӣ раёсати Маҷлиси Эрон, ки ба манзури ширкат дар Иҷлоси байналмилаллии маҷолис бар алайҳи маводи мухаддир ба Русия сафар кардааст, дар фурудгоҳи Внуковои Маскав мавриди истиқболи Сергей Неверов, муовини раиси Думои Русия ва Сколдский, мудири ҳамкориҳои байналмилалии Думо ва доктор Саноӣ, сафири Эрон дар Русия қарор гирифт.

Иҷлоси байналамилалии маҷолис бар алайҳи маводи мухаддир, рӯзи душанбе дар Думои давлатии Русия бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи миллии мубориза бо маводи мухаддир баргузор мешавад. Дар ин иҷлос 43 мақоми парлумонӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт.