Дурахшиши бесобиқаи донишҷӯёни эронӣ дар Чин
(last modified Mon, 04 Dec 2017 15:55:56 GMT )
Декабр 04, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши бесобиқаи донишҷӯёни эронӣ дар Чин

Се донишҷӯи эронии Донишгоҳи Пекин, нахустин бор дар торихи ин донишгоҳ ба таври ҳамзамон ҳоизи унвони донишҷӯёни мумтози ин маркази илмии муътабар шуданд.

Ба нақл аз Ирно, Ҳомиди Вафоӣ, донишҷӯи доктории риштаи адабиёти татбиқӣ ба унвони рутбаи нахуст дар байни донишҷӯёни доктории Донишгоҳи Пекин ва Маҳдии Фақеҳ Абдуллоҳӣ ва Аббосалии Абуии Меҳризӣ, аз донишҷӯёни риштаҳои муҳандисӣ ба унвони рутбаи дуввумии маратони илмии “Донишҷӯёни мумтози хориҷии соли 2017”-и ин маркази илмии Чин, баргузида шуданд .

Ҳайъати доварони Донишгоҳи Пекин пас аз баррасии мадорики илмӣ, пешрафтҳои таҳсилӣ ва мақолоти пажуҳишии донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ, раъйи ниҳоии худро дар ин замина эълом кард .

Донишҷӯёне аз кишварҳои Покистон, Бангладеш, Кореяи ‌Ҷанубӣ, Шветсия, Канада, Ҷопон, Амрико, Малайзия, Британия ва Тайланд низ дар листи донишҷӯёни мумтози Донишгоҳи Пекин дар мақотеи мухталифи каршиносӣ, каршиносии аршад ва докторӣ ҳузур доранд .

Донишгоҳи Пекин бо беш аз ду ҳазор донишҷӯи хориҷӣ, аз муътабартарин донишгоҳҳои кишвари Чин, яке аз панҷ донишгоҳи бартари Осиё ва дар ҷамъи 50 донишгоҳи бартари ҷаҳон аст .