Оғоз ба кори Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон
Декабр 05, 2017 12:44 Asia/Dushanbe
Сиву якумин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури раисҷумҳур дар салони иҷлоси сарон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Ин ҳамоиш имсол бо унвон “Ваҳдат ва илзомоти тамаддуни навини исломӣ” ба муддати се рӯз ва бо ҳузури 500 меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад .
Баргузории шаш Комиссияи тахассусӣ бо мавзуоти мухталифи тамаддуни навини исломӣ ва се Нишасти “Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимат”, “Иттиҳодияи ҷаҳонии содот” ва “Иттиҳодияи ҷаҳонии занони мусулмон” аз ҷумлаи барномаҳои Ҳамоиши байналмилалии ваҳдат аст .
Ҳамчунин меҳмонони ин ҳамоиш дар солрӯзи милоди паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳе ваолеҳӣ васалам бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор хоҳанд дошт .