Декабр 19, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Як эронӣ роҳи дармони бемории MS-ро кашф кард

Як биологи эронӣ нахустин бор дар ҷаҳон антигени ташхиси бемории MS-ро кашф кард.

Маҳмуд Садоқатӣ, биологи эронӣ ҳамроҳи ду духтари пизишки худ тавонист пас аз 11 соли мутолеа антигени ташхиси бемории MS-ро кашф кунад ва дар остонаи дармони ин беморӣ қарор гирад. Маҳмуд Садоқатӣ дар ташреҳи ҷузъиёти кашфи антигени MS гуфт, нахустин бор дар ҷаҳон аз тариқи хун бемории MS-ро ташхис додааст. Садоқатӣ бо баёни ин ки антигени дармонӣ танҳо роҳи муолиҷаи MS аст, ибрози умедворӣ кард, то ҳудуди чаҳор соли оянда ба дармони қатъии бемории MS муваффақ мешавад.

Бемории MS (multiple sclerosis), ки дар забони русӣ “рассеянный склероз” унвон мешавад, як бемории нотавонкунандае аст, ки мағзу ҳазроммағзро таҳти таъсир қарор медиҳад ва боиси аз даст додани контрол, биноӣ, мувозинат ва зеҳн мешавад. Дар бемории MS системи эминии бадан шурӯъ ба ҳамла ба мағз ва ҳароммағз мекунад ва боиси фалаҷ шудану аз корафтодагии онҳо мешавад.