Декабр 24, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Зариф ба муносибати милоди ҳазрати Масеҳ (а)

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, шанбешаб дар “Твитт”-е фаро расидани милоди ҳазрати Масеҳ (а), паёмовари сулҳ ва соли нави милодиро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муҳаммадҷаводи Зариф дар “Твиттер” навишт, «фариштагон Марямро гуфтанд, ки Худо туро ба калимаи худ бишорат медиҳад, ки номаш Масеҳ (Исо)- писари Марям аст, ки дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқаррабони (даргоҳи Худо) аст, сураи Оли Имрон-ояи 45.».

Вазири умури хориҷаи Эрон, шодӣ ва сулҳ дар иди милоди Масеҳ (а) орзӯ ва ибрози умедворӣ кард, ҳамагон дар соли нави милодӣ, пазирои паёми ҷаҳонии сулҳи ҳазрати Масеҳ (а) бошанд.

25 декабри 2017, солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.