Август 21, 2016 19:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон инфиҷори террористӣ дар Туркияро маҳкум кард

Ҷумҳурии исломии Эрон амалиёти террористӣ дар шаҳри Ғозиантепи Туркияро маҳкум кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломасӣ ва расонаии Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе, зимни ҳамдардӣ бо миллат ва давлати Туркия, ба хонаводаи қурбониёни амалиёти террористии шаби гузашта дар шаҳри Ғозиантепи Туркия таслият гуфт.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, анҷоми ин навъ иқдомоти террористӣ дар як маҳфили арӯсӣ ва куштори мардуми бедифоъ ва ғайринизомӣ бори дигар ба равшанӣ аҳдофи шум ва палиди зиддибашарии терроризми такфириро ба намоиш гузошта ва гӯёи он аст, ки ин мушкил хатаре ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Қосимӣ афзуд: "Амалкарди ифротиюни такфирӣ, сулҳу суботи кишварҳои минтақаро ҳадаф қарор дода ва ниёзманди муқобилаи ҷиддии кишварҳои минтақа бо ин падидаи хушунатомез аст".

Инфиҷори шанбешаб дар ҷашни арӯсӣ дар вилояти Ғозиантепи Туркия ҳудуди 50 кушта ва беш аз 90 захмӣ барҷой гузошт.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар баёнияе гурӯҳи террористии ДИИШ-ро омили ин ҳамлаи хунин муаррифӣ кард.

 

Барчасп