Дастёри раисҷумҳури Эрон: Бастани Телеграм муваққатӣ аст
(last modified Tue, 02 Jan 2018 08:24:17 GMT )
Январ 02, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Дастёри раисҷумҳури Эрон: Бастани Телеграм муваққатӣ аст

Дастёри вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури ҳуқуқи шаҳрвандӣ гуфт, то чанд рӯзи оянда маҳдудиятҳои эҷодшуда барои паёмрасони Телеграм дар Эрон бартараф хоҳад шуд.

Шаҳиндухт Мавловардӣ эълом кард, ки бастани Телеграм муваққатӣ аст ва агар мардум чанд рӯзе сабр кунанд, ҳамачиз дуруст хоҳад шуд .

Рӯзҳои ахир бо таваҷҷуҳ ба бархе эътирозоту нооромиҳо дар манотиқе аз Эрон ва сӯиистифодаи баъзе каналҳои телеграмӣ аз ин паёмрасон барои тарвиҷи хушунат, Телеграм ба таври муваққат баста шудааст .

Шабакаи иҷтимоии Инстаграм низ ба ҳамин сабаб ба муддати маҳдуд ва то поён ёфтани нооромиҳо баста шудааст .