Январ 04, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  •  Роҳпаймоии мардуми Машҳад дар маҳкумияти иғтишошгарон дар Эрон

Мардуми Машҳад дар шимоли шарқи Эрон дар маҳкумияти иқдоми иғтишошгарон дар эҷоди ошӯб дар Эрон, роҳпаймоӣ карданд.

Роҳпаймоии мардуми Машҳад субҳи рӯзи панҷшанбе аз майдони Шуҳадо ба самти Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) баргузор шуд ва роҳпаймоён бо сар додани шиорҳои “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил” ҳимояти худро аз низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом ва бар идомаи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ таъкид карданд.

 Миллати Эрон рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) низ бо баргузории роҳпаймоии густурда дар бештари шаҳрҳо, хашму нафрати худро аз тавтеаи ҷадиди душманон ва фурсатталабии иғтишошгарон дар тахриби амволи умумӣ иброз карданд.

Аз панҷшанбеи 28-уми декабри 2017 теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое, ба таъйини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат, эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯйи фурсатталабон ва иғтишошгарон дар сояи ҳимояти хориҷӣ ба ошӯб кашида шуд.