Январ 25, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ду маҳмулаи бузурги инфиҷорӣ дар Эрон

Неруҳои Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистанд ду маҳмулаи бузурги шомили маводи мунфаҷираро, ки ба манзури иҷрои амалиёти террористӣ вориди Эрон шуда буд, кашфу беасар кунанд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар нахустин амалиёт 23 адад бомби омодаи инфиҷор аз навъи контрол аз роҳи дӯр, ки бо барномарезӣ ва ҳидояти дастгоҳи иттилоотии Арабистони Саудӣ бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ дар Эрон аз марзҳои шарқӣ ворид шуда буд, кашфу забт шуд.

Дар дуввумин амалиёт низ неруҳои Вазорати иттилооти Эрон дар Идораи кулли устони Курдистон дар ғарби Эрон муваффақ шуданд, дар идомаи зарба ба тимҳои террористӣ, таҷҳизот ва абзори лозим барои сохти чандин бомбро кашфу забт кунанд.

Ин мавод шомили модаи мунфаҷираи “TNT”, бастаҳои инфиҷорӣ ва 150 чошни электронии мутааллиқ ба яке аз гурӯҳакҳои таҷзияталаби террористӣ дар Маривон кашфу забт шуд.

Аз аносури ин гурӯҳаки террористӣ, ки аз Курдистони Ироқ ба манзур иҷрои иқдомоти инфиҷорӣ вориди кишвар шуда буданд, ҳамчунин 41 норинҷак, 31 тирдони калашников, чаҳор гулӯлаи “РПГ” ва чандин қабза силоҳи ҷангӣ кашф шуд.