Феврал 02, 2018 17:09 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳадафи Амрико барандозии низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст!

Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Амрико дар паи барандозии низоми Ҷумҳурии исломӣ ва ҳадаф қарор додани асли вилояти фақеҳ дар Эрон аст.

Оятуллоҳ  Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Амрико дар паи зарба задан ба вилояти фақеҳ аст, ки тадбираш боиси нокомии дасисаи Амрико дар густариши гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа ва нокомии эҷоди “Ховари миёнаи бузург” шуд.

 Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи роҳбурди Амрико дар баробари Эрон афзуд: Ин роҳбурд шомили нобуд кардани энержии ҳастаӣ, коҳиши қудрати дифоъӣ ва тавонмандии мушакӣ, қатъи ҳимояти Эрон аз Ҳизбуллоҳи Лубнон ва муборизони фаластинӣ ва мухолифат накардани Эрон бо ташкили Ховари миёнаи бузург буд, ки Амрико дар ҳама ин мавридҳо ноком монд ва шикаст хурд.

 Оятуллоҳ  Аҳмади Хотамӣ таъкид кард: Ҳамаи масъулони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон бо музокираи дубора дар бораи  БАРҶОМ ва ё ислоҳи он ва коҳиши тавонмандии дифоъи мушакӣ мухолиф ҳастанд ва иҷозаи дахолати ҳеҷ кишвареро дар ин мавзӯъҳо нахоҳанд дод.

 Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин роҳбурди Амрико дар минтақаро эҷоди ноамнӣ дар чорчуби барқарории амнияти режими саҳюнисти баршумурд ва гуфт: Амрико акнун дар ҳоли интиқоли ДИИШ ба шимоли Афғонистон барои таъмини аҳдофи иқтисодӣ ва сиёсии худ аст.

 Оятуллоҳ Хотамӣ бо ишора ба ҷинояти Арабистон дар Яман ва таҳаввулоти ахир дар Баҳрайн ҳам таъкид кард: Валиаҳди хоми Арабистон ин кишварро ба яке аз иёлатҳои Амрико табдил кардааст ва режими Оли Халифа низ дар Баҳрайн бо судури ҳукмҳои эъдом, ҳабси абад ва бекор кардани шаҳрвандии Шайх Исо Қосим-рӯҳонии баландпояи ин кишвар, Баҳрайнро ба зиндони бузурги сиёсӣ табдил кардааст.