Феврал 03, 2018 22:22 Asia/Dushanbe
  • Инқилоби исломӣ, ҷавонон, худбоварӣ ва пешрафти илмӣ

Дар дунёи печида ва пешрафтаи имрӯзӣ, тадовуми ҳаёту боландагии ҳар кишваре манут ба пешрафту истиқлоли илмӣ ва дастёбӣ ба фанновариҳои навини илмист.

Ҷунбиши нармафзорӣ ва тавлиди илм дар Эрон маҳсули ду рукни аслии худбоварӣ ва умед ба оянда аст.

Ин ду асли бунёдин аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ, мабно ва пояи ҳаракати илмӣ ва пешрафти миллати Эрон қарор гирифт ва барағми ҳамаи душвориҳо ва коршиканиҳо ва эъмоли таҳримҳои беҷои душманон, миллати Эрон на танҳо аз идомаи масир маъюс нашуду ба ҳаракати рӯ ба ҷилави худ идома дод, балки тавонист ба муваффақиятҳо ва пешрафтҳои зиёде дар заминаҳои илмӣ ва технологӣ даст ёбад .

Имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон дар ин замина мефармояд:

“Умда ин аст, ки шумо ду ҷиҳатро дар назар бигиред, ки ман борҳо арз кардам, яке эътимод ба Худои таборак ва таоло, ки вақте барои ӯ бихоҳед, кор кунед, ба шумо кумак мекунад. Ва яке иттико ба нафс, эътимод ба худатон, шумо худатон ҷавонҳое ҳастед, ки метавонед ҳамаи корҳоро анҷом бидиҳед”.

Касби муваффақият дар улуми пешрафтаи пизишкӣ ҳамчун таксири селлулҳои бунёдӣ, энержии ҳастаӣ, нанотехнология, биотехнология, шабеҳсозии женетик, улуми ҳаво ва фазо ва партоби моҳвора, аз ҷумлаи муваффақиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии Эрон дар солҳои ахир ба шумор мераванд.

Раҳбари инқилоби исломӣ, дар дидори нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ таъкид карда буданд:

“Ман амиқан нухбабовар ҳастам ва масъулон низ бояд бовар кунанд, ки нухба дорем ва ин нухбаҳо метавонанд сарнавишти кишварро тағйир диҳанд”.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо истинод ба иттилооти пойгоҳҳои ҷаҳонӣ афзуданд:

“Суръати пешрафти илмии Эрон дар мақтае 13 баробари мутавассити ҷаҳон шуд ва ин суръат набояд коҳиш ёбад, балки бояд бештар шавад, зеро дучори ақибмондагиҳои илмии фаровон ҳастем” .

Миллати Эрон бо такя бар рӯҳияи инқилобӣ ва худбоварӣ дар майдони илм пешрафтҳои зиёде кардааст.

Онгуна, ки раҳбари муаззами инқилоб дар табйини аҳдофи бузурги низоми исломӣ таъкид кардаанд, ҷумҳурии исломии Эрон бояд ба кишваре пешрафта, қудратманд, шариф, соҳиби ҳарфи нав, дорои иззат, бархурдор аз эҳсоси иззат, саршор аз маънавият ва имон ва барафрозандаи парчами тамаддуни навини исломӣ табдил шавад .