Рӯҳонӣ: Инқилоби исломӣ рӯйдоде беназир дар торихи миллатҳои минтақа ва ҷаҳон буд
Раисҷумҳури исломии Эрон бо табрики аёмуллоҳи даҳаи Фаҷр ва солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: Мавзуи инқилоби исломии Эрон, мавзуе бисёр муҳим ва шояд беназир дар торихи миллатҳои минтақа ва ҷаҳон аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамзамон 10 маркази фарҳангӣ ва музеи дифои муқаддас дар 10 устони Эрон дар Теҳрон афзуд: Миллати Эрон бидуни кумаки ҳеч қудрату кишвари хориҷӣ ва бо иттико ба иноёти ҳақв а ваҳдату фидокории мардум, инқилоби исломии Эрон ва даврони дифои муқаддасро ба пирӯзӣ расонд .
Раисҷумҳури Эрон, тасреҳ кард: Даврони дифои муқаддас, дифои ҷононаи як миллат на дар баробари як режими мутаҷовиз, балки дар баробари ҳамаи қудратҳои ҷаҳон буд.
Рӯҳонӣ бо баёни инки дифоъ аз шарафи миллӣ ва истиқлоли Эрон вазифаи ҳамагонӣ аст, таъкид кард: Эрон хоҳони сулҳ аст ва барои тавони дифоии худ ниёз ба музокира ва тавофуқ бо ҳеч қудрате надорад .
Вай гуфт: Эрон ҳар навъ силоҳе, ки барои дифоъ аз кишвар ниёз дошта бошад, дар чорчуби қавонин ва фатвои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҳия мекунад, аммо дунболи силоҳи куштори ҷамъӣ нест .
Рӯҳонӣ афзуд: Размандагони эронӣ дар солҳои ахир дар кишварҳои дӯст барои дифоъ аз ҷони мусулмонон фидокорӣ карданду нишон доданд, агарчи ҳудуди сӣ сол аз ҷанги таҳмилӣ гузаштааст, аммо ҳамчунон рӯҳияи исоргару муқовимат дар баробари душманон дар минтақаву ҷаҳон вуҷуд дорад .