Феврал 08, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Ҳукумати Амрико аз ДИИШ ҳам бадтар аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳукумати Амрикоро дар зулму бераҳмӣ бадтар аз диишиҳо хонданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (панҷшанбе), ҳамзамон бо солрӯзи байъати таърихии ҳумофарон (неруҳои мутахассиси фаннӣ)-и неруи ҳавоии Эрон бо Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар 19 баҳмани соли 1357 (8 феврали 1979), бо ҷамъе аз фармондеҳон ва коркунони неруи ҳавоӣ ва қароргоҳи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор карданд.

Эшон дар ин дидор гуфтанд, имсол ба далели ёвагӯиҳои бархе аз давлатмардони Амрико ва ғайри Амрико, мардум эҳсос мекунанд, душман дар ҳоли камин гирифтан ва дарсадади душманӣ аст ва ба ҳамин иллат, ба ҳавлу қувваи илоҳӣ, ҳузури мардум дар роҳпаймоии 22 баҳмани имсол аз ҳамеша, гармтар ва пуршӯртар хоҳад буд ва ҳама хоҳанд омад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, инқилоби исломиро ҳақиқати зинда донистанд ва бо таъкид бар инки истеҳком ва қавоми имрӯзи инқилоб бештар аз рӯзҳои аввал аст, афзуданд, инқилобиёни ни имрӯз, истодатар ва огоҳтар ва басиратар аз инқилобиёни рӯзҳои аввали инқилоб ҳастанд ва бар ҳамин асос, инқилоб пеш рафта ва такомул ёфтааст.

Эшон ҳамчунин «истодагӣ дар баробари зулму фасод дар сатҳи байналмилалӣ ва расво кардани он» -ро аз ҷумлаи сиёсатҳои усулӣ, баршумурданд ва таъкид карданд, имрӯз золимтарин ва бераҳмтарин маҷмуаҳои дунё, ҳукумати Амрико аст, ки ҳатто бадтар аз диишиҳои ваҳшӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии ин мавзӯъ, ки ДИИШ-ро амрикоиҳо бавуҷуд оварданд ва раисиҷумҳури феълии Амрико дар таблиғоти интихоботии худ ба он ишора кард, гуфтанд, амрикоиҳо илова бар эҷоди ДИИШ, аз онҳо пуштибонӣ карданд, аммо давлати Амрико дар таблиғоти байналмилалӣ, муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва мазлумон ва ҳуқуқи ҳайвонот аст, ки бояд бо баёни ҳақоиқ, онҳоро расво кард.

 

Барчасп